Хабарҳо

ХАБАРИ ТАЛХ: МАРГИ ФОҶИАВИИ СЕ ҲАМСИНФ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд хабар дод, ки субҳи 21 майи соли 2022 дар ин ноҳияи фоҷиаи талхе рӯй дод.Бино ба иттилои ӯ, як хонандаи синфи 11 мактаби миёнаи №49 деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ субҳи шанбе мошини падарашро гирифта, ҳамроҳи ҳамсинфонаш саворӣ мекунад. Аз қазо ӯ дар роҳ аз уҳдаи идораи мошин баромада наметавонад ва мошин ба ҷарӣ чаппа мешавад. Дар натиҷаи ин садама се ҳамсинф ҷон додаанд. Манбаи “Бомдод” гуфт, ду нафар аз наврасони ҷавонмаргшударо алакай ба хок супурдаанд ва ҷустуҷӯи қурбонии сеюми ин садама, ки ҷасадашро об бурдааст, дар дарёи Зарафшон идома дорад.Тафсилоти дигари ин ҳодиса дастрас нашудааст. Мақомот ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд.Танҳо аз аввали ҳафтаи ҷорӣ алакай дар бораи ҳалокати 10 нафар дар 7 садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button