Хабарҳо

ФАВРӢ! АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН БО НОҲИЯИ СӮХ

Нимаи дуюми рӯзи 21 майи соли 2022, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ, як мошини трали тамғаи “Ҳово”, ки ба вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон тааллуқ дошт, дар назди гузаргоҳи марзии “Чечме” (“Чашма”) ба қатори мошинҳое, ки инҷо навбат меистоданд, бархӯрдааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон гуфт, дар натиҷаи ин садамаи пурқурбонӣ 8 нафар, аз ҷумла 2 корманди МЧС ҳалок шудаанд. Бино ба фарзияи муқаддамотӣ, ронандаи трал ба далели эҳтимолан аз кор баромадани тормози мошинаш аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонистааст. Гузаргоҳи “Чечме” дар наздикии шаҳри Ҳайдаркони ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд дар марз бо ноҳияи тоҷикнишини Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. “Чечме” шакли дар гӯиши қирғизҳо вайроншудаи мавзеи Чашма аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button