МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Русия ҷойи кор барои муҳоҷирони тоҷик зиёд мешавад

Ба гуфтаи коршинос, дар бахши сохтмон эҳтимол ҷойҳои зиёди холӣ пайдо шавад. Ин соҳа миёни хориҷиён талаботи зиёд дорад

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Шумораи ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонад афзоиш ёбад.Дар ин бора Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, дар соҳаи сохтмон кадрҳои нав лозиманд. Бисёре аз мутахассисони рус метавонанд ба корҳои барқарорсозӣ дар Мариуполи Ҷумҳурии Мардумии Донетск раванд.Дар ҳамин ҳол, ба гумон аст, ки муҳоҷирони тоҷик ба сохтмонҳои ҶМД ҷалб шаванд.

«Рафтани мутахассисони рус ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон мусоидат мекунад», — мегӯяд коршинос.Ӯ қайд намуд, ки соҳаҳои сохтмон ва хизматрасонӣ дар миёни хориҷиён серталаб аст.Вале феълан афзоиши ҷойҳои корӣ сурат намегирад ва ҳамчунин лоиҳаи барқарор кардани Мариупол низ ташкил нашудааст. Алъон ҳамаи ин нақшаҳо дар сатҳи созишномаҳо қарор доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button