Хабарҳо

ҲАМАГӢ 22 СОЛ ДОШТ… МАРГИ РОНАНДАИ ҶАВОН ДАР РОҲИ ХУҶАНД – ИСТАРАВШАН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки 18-уми майи соли 2022, тахминан соати 05:15, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Ҳамдамов Аббосҷон Акбарович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Истаравшан, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти сари роҳ бархӯрдааст.Дар натиҷа, худи ронанда Ҳамдамов А.А ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашинаи мазкур: Пулотов Шариф Аслонович, соли таваллудаш 2003 ва Фузайлов Ҷовид Ҷамшедович, соли таваллудаш 2002, сокинони ҳамон ҷо ва Одинаева Бунафша Сафаралиевна, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, двр беморхона бистарӣ гардидаанд.Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ин алакай дастикам чорумин садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button