Хабарҳо

Президент ба пайвандони Меҳмон Бахтӣ изҳори тасаллият намуд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Меҳмон Бахтӣ, ки имрӯз, 20-уми майи соли 2022 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт, изҳори тасаллият намуд.

Дар тасаллиномаи Президенти кишвар аз ҷумла омадааст: «Меҳмон Бахтӣ дар рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хизматҳои шоистаро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон кору фаъолият дошт. Осори эҷодкардаи Меҳмон Бахтӣ дар байни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти хос дорад. Ӯ дар тарбияи наслҳои ҷавони адибони тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст. Номи нек ва асарҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button