Хабарҳо

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЯК ҶАВОНЗАН САРИ ҚАҲР ЧАНД БАНКОМАТРО ЗАДА ШИКАСТ

Парвиз ТВ видеои лаҳзаи ҳамлаи як ҷавонзан ба банкоматҳоро нашр кардааст. Дар ин видео, ки аз видеокамераҳои назоратист, дида мешавад, ки як зани ҷавони хашмолуд бошаст ба толоре, ки онҷо чанд банкомат гузошта шудааст, зада медарояд ва бо як пораи бетон ё санг дастикам ду банкоматро зада, мешиканад. Дар ҷараёни ҳамла ин пораи санг ё бетон аз дасти зан меафтад, вале ӯ онро дигарбора аз рӯи фарш бардошта, ба шикастани банкоматҳо давом медиҳад ва баъди онки кори банкомати аввалро тамом мекунад, ба банкомати дуюм ҳамла меорад.Дар сабт дида мешавад, ки пеш аз даромади он зани хашмгин як ҷавонзани дигар ба яке аз банкоматҳо такя зада, бо касе бо телефон суҳбат дорад, вале зани телефонбадаст баробари ба он ҷо даромадани он зани хашмолуди санг дар даст бо шитоб аз он толор фирор мекунад.Аз сабт бармеояд, ки ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 18 майи соли 2022, соати 15:00 рӯй додааст. Вале маҳалли ҳодиса рӯшан нест ва Парвиз ТВ низ дар бораи дар куҷо рух додани ин ҳодиса чизе нагуфтааст. Сабаби даст ба шикастани банкоматҳо задани ҷавонзан низ маълум нест.Дар сабт садои як мард ба гӯш мерасад, ки вақти ба толори банкоматҳо даромадани зани хашмолуд мегӯяд: “Э бача, ин банкоматҳо кор намекунанд”. Зане ба вай посух медиҳад, ки “инҳо як умр кор намекунанд”. Вале он мард худро сафед мекунад, ки “як умр нею ягон 3 ё 4 соат шуд…”Сокинони Тоҷикистон аз фаъолияти номуназзами банкоматҳо зиёд шикоят мекунанд ва мегӯянд, гоҳо барои гирифтани миқдоре пули нақд маҷбур мешаванд, ними шаҳрро дар ҷустуҷӯи ягон банкомате, ки пул дошта бошад, бигарданд.

https://www.facebook.com/ParvizTV/videos/373453118159265

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button