Хабарҳо

КОТИБИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ БА ГИРИФТАНИ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли 2022 хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии Маҷидов Ҳасан, котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуровро дар пайи анҷом тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст. Маҷидов бар асоси қисми сеюми моддаи 247 ба қаллобӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ айбдор мешавад.Назари худи айбдоршаванда ва вакили ӯ дастрас нест, вале бино ба иттилои Агентӣ, “Маҷидов Ҳасан Достиевич дар вазифаи котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯиистифодаи боварӣ дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода кардани санади интихоби қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва минбаъд ҷудо карда додани он аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 12 700 сомониро талаб карда гирифта, дар натиҷа ба охирин зарари чиддии моддӣ расонид”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button