Хабарҳо

ТАРКИШИ МОШИНИ СӮЗИШВОРӢ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ 6 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ (Видео)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10 майи соли 2022 бар асари таркидани як мошини пур аз сӯзишворӣ дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар шимоли ҷумҳурӣ 6 нафар ҷароҳат бардоштанд.Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 10 май ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд як мошини пур аз маводи сӯхт оташ гирифта, таркидааст. “Бар асари таркиш нуқтаи фурӯши маводи сӯхт ва иншооти атрофи он хароб шуда, 6 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳамаи онҳоро дар бемористони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бистарӣ кардаанд”, — гуфта мешавад дар хабар.Сабаби таркиш ҳанӯз равшан нест. Гуфта мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоли ҳозир машғули муайян кардани сабабҳои оташ гирифтани таркидани ин мошини пур аз маводи сӯхт мебошанд.Ҷамоати Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ду соҳили рӯди Зарафшон ҷойгир шудааст.

https://www.facebook.com/ParvizTV/videos/3878812848909837

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button