Хабарҳо

Лавров вориди Душанбе шуд

Вазири умури хориҷии Русия вориди шаҳри Душанбе шуд. Ӯ рӯзи 13 май дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ иштирок ммекунад

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия вориди Тоҷикистон шуд, хабар медиҳад ТАСС. Ӯ то ин замон бо сафари корӣ дар Маскат қарор дошт ва аз он ҷо ба Душанбе сафар кард.Гуфта мешавад, ҳадаф аз сафари дипломати рус ба Тоҷикистон ин иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви ИДМ мебошад.Ин чорабинӣ рӯзи 13 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.Дар ҷаласаи Шӯрои вазирон дурнамои рушди ҳамкориҳо дар доираи ИДМ-ро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва густариши робитаҳо дар бахшҳои гуманитарӣ ва илмӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳанд кард.

Илова бар ин, дипломатҳо вазъи Украинаро низ дар меҳвари баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод. Маълум аст, ки ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз рӯи анъана соле ду маротиба баргузор мешаванд.Ҷаласаи навбатӣ дар моҳи октябр дар Нур-Султон баргузор мешавад. Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми асосии иҷроияи ИДМ мебошад.Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо, аз ҷумла фаъолияти онҳоро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button