ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Аз Ашт то Айнӣ: мақомот гуфтанд, ки дар Суғд чанд шаҳру ноҳияи селхез вуҷуд дорад

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Суғд аз шаҳру ноҳияҳое ном бурданд, ки бо сабаби ноҳамвории реълеф хатари фаромади сел дар онҳо вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Бино ба оморе, ки мақомоти КҲФ ироа намуданд, дар ин феҳраст нуҳ шаҳру навоҳии Суғд шомил будаанд.

Диловар Ҳамдамов, котиби матбуотии КҲФ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки кадом шаҳру ноҳияҳо селхезанд ва чаро.

“Шаҳру ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Исфара, Спитамен, Мастчоҳ, Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи Айнӣ” – таъкид намуд, Ҳамдамов.

Ин масъули мақомоти КҲФ гуфт, аз он лиҳоз шаҳру ноҳияҳои селхез гуфта мешаванд, ки дар шароити кӯҳсор ҷойгиранд ва дар ҳудуди онҳо селроҳаҳо вуҷуд дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button