ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ғарқу наҷоти се кӯдаки аз як оила дар рӯзи ид: КҲФ гуфт, кӣ гунаҳгор

Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазон се кӯдаки як хонаводаро аз об наҷот додаанд, ки ба гуфти мақомот дар пайи бепарвоии волидайн ин ҳодиса сар задааст

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи шокикунанда хабар медиҳад, ки дар сурати набудани роҳгузаре як оиларо ба мотам менишонд.

Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи Иди Рамазон 2 майи соли 2022 тахминан соатҳои 10:25 дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат шаҳри Левакант, се кӯдаки хурдсол дар канали обгузари назди деҳа ғарқ шудаанд.

Қисми навбатдори ШКВД шаҳри Левакант бо дарёфти хабар ба кормандони КҲФ шузориш медишад.

«Вақте дастаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум шуд, ки Ашӯрмаҳмад Юсуфов, сокини ҳамин деҳа тифлакони ғарқшударо наҷот додааст», — афзудааст КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, духтаракон ҳама узви як оила буда, 3 – 7 сол доштанд ва ҳодиса дар пайи беназоратии волидонашон сар задааст.

Гуфта мешавад, ин се нафар дар рӯзи ид хостанд аз канали деҳа убур кунанд, вале дар об сарозер шудаанд. Ашӯрмаҳмад раҳгузари тасодуфӣ буд, ки ин манзараро дида зуд худро ба об андохт ва онҳоро аз марг наҷот дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button