ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Чӯпонеро раъду барқ заду ду мактабхон дар об ҳалок шуд: гузориши КҲФ аз фоҷиаҳои гузашта

 Як сокини 53-солаи деҳаи Заркони ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми чаронидани чорво дар пайи раъду барқ ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар пайи ин ҳодиса 27 сар чорвои хурд низ фавтидааст.Ҳодисаи дигари нохушро ин ниҳод аз ноҳияи Дарвоз сабт кардааст.

Гуфта мешавад, як рӯз қабл соати 11:30 як хонандаи синфи 7 МТМУ №6 аз деҳаи Шикеви ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ҳангоми оббозӣ дар рӯди Панҷ ғарқ шудааст.Ҷисми марҳумро аҳолии деҳа пайдо кардаву ба волидонаш супурдаанд.

sputnik-tj.com

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button