Хабарҳо

ТАВАҶҶУҲ! ДАР РУСИЯ — МАВҶИ НОАЁНИ COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 514 миллион нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иммунолог, директори генералии ширкати тадқиқотии шартномавии Русия «КЭГ», доктори илмҳои тиб Николай Крючков изҳор дошт, ки ҳоло дар Русия мавҷи ноаёни COVID-19 ҷараён дорад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, гуфтаҳои ӯро URA.RU иқтибос овардааст.

Ба андешаи ӯ, афзоиши сироятёбӣ аз коронавирус дар Русия ба далели лағви тадбирҳои маҳдудкунанда ва коҳиши сатҳи ваксиназанӣ сурат гирифтааст. «Ҳоло мавҷи ноаёни COVID ҷараён дорад. Инҳо он мавҷҳое нестанд, ки дар давраи «омикрон» ва «делта» буданд. Мо аллакай дар шаҳрҳои бузург мушоҳида мекунем ва ба фикри ман, он нимаи дуюми моҳи апрел оғоз ёфт», — гуфт ӯ ва тахмин кард, ки он метавонад то моҳи июн коҳиш ёбад.

Крючков ин гуна ноустувориҳоро табиӣ номид. «Вақте мегӯем, ки дар мо ваксинатсия нест, тадбирҳо бекор карда мешаванд, ҳамаи ин барои ба осонӣ паҳн шудани сироятҳо шароит фароҳам меорад. Сироят тавре рафтор намекунад, ки муътадил шавад ва ҳама моҳҳо якхела бошад. Чунин намешавад. Бар асари омилҳои гуногун нишондиҳандаҳо тағйир меёбанд», — шарҳ дод ӯ. Иммунолог бар ин назар аст, ки одати пӯшидани ниқобҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд баргардонида шавад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, 2 май дар ин кишвар 5466 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ошкор шудааст. Аз ин шумора 1441 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки нисбат ба рӯзи гузашта (1152 нафар) 25 фоиз зиёд аст. 7052 нафар шифо ёфта, аз беморхона рухсат шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, то субҳи 4 май дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавирус беш аз 514 миллион нафар ва шумораи умумии фавтидагон зиёда аз 6,26 миллион нафарро ташкил дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) хабар медиҳад.

Ба ТУТ дар бораи 514 685 574 ҳолати сироятёбӣ ва 6 265 896 ҳолати фавт маълумот расидааст. Теъдоди гирифторон дар як шабонарӯз 595 340 нафар ва фавтидагон 1 862 нафар афзоиш ёфтааст.

Омори ТУТ танҳо маълумоти расман аз ҷониби давлатҳо тасдиқшударо дар бораи ҳолатҳо ва фавтҳо сабт мекунад.

ИМА аз рӯи шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда дар ҷои аввал қарор дорад — 83 240 101 нафар. Баъд аз он Ҳиндустон (43 088 401), Бразилия (30 482 429), Фаронса (28 757 765), Олмон (24 949 403) ва Британияи Кабир (22 073 858) ҷойгир мебошанд.

Дар ИМА 1 021 581 ҳолати фавт, дар Бразилия — 663 765 ва дар Ҳиндустон — 523 920 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Дар Русия 376 292 нафар ва дар Мексика 324 350 нафар фавтидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 3 ҳолати охири сирояти коронавирус моҳи феврали соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аз оғози бақайдгирии COVID-19 то имрӯз дар маҷмӯъ 17388 нафар сироят ёфта, 17249 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Илова бар ин, то имрӯз 124 нафар шаҳрвандони кишвар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button