Минтақа ва ҶаҳонМУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

Русия додани патент барои муҳоҷиронро содатар мекунад

Барои гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия имкон мешавад, ки камтар ҳуҷҷат пешниҳод кард ва ин тартиб то охири соли 2022 амалӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Русия қоидаҳои гирифтани патенти меҳнатиро барои муҳоҷирон содатар мекунад.

Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба як соли пеш барои додани иҷозатнома камтар ҳуҷҷат талаб мекунад, хабар медиҳад «МК».

Лоиҳаи фармоне, ки барои ин зарур аст, аллакай тайёр карда шудааст. Дар сурати ба имзо расидани санад, тамдиди патент барои коргарони хориҷӣ хеле осонтар мешавад.

Дар назар аст, ки ду талабот аз рӯйхати ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ хориҷ карда шаванд.

Якум, аризаи корфармо дар бораи тамдиди патент мебошад. Дуюм, шартномаи меҳнатӣ ё ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ки ҳамчун тасдиқи он аст, ки шаҳрванди хориҷӣ воқеан нияти кор дар Русияро дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button