Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Селобҳо 40 кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштанд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи омори расмӣ, талафоти ношӣ аз селобҳо бештар дар вилоятҳои Форёб, Бағлон ва Бодғис дар шимоли ин кишвар сабт шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ariana News”.

Дар асоси маълумоти омори Вазорати давлатии идоракунии офатҳои табиӣ, дар 12 вилоят 19 хона пурра хароб ва 261 хона қисман тахриб шудааст.

Инчунин 500 гектар замин ва чор роҳ осеб дида, 120 сар чорво нобуд шудааст.

Мақомоти маҳаллии Фарёб мегӯянд, ки селобҳо дар ин вилоят хисороти бузурги молиро ба бор овардаанд. Аммо ӯ омори дақиқро нагуфтааст.

Ғулом Ғувс Носирӣ, муовини молӣ ва идории Вазорати давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводис гуфт: «Тадқиқот идома дорад. Мо ба осебдидагон кумак кардем. Гурӯҳи мо дар маҳал талош дорад, ба мардум кумак расонад».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button