Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон вориди Тоҷикистон шуданд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд омаданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ин вилоят хабар дод.

Ба иттилои манбаъ. намояндагони ширкатҳои сайёҳиро масъулони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, масъулони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод ба вилоят ворид гардиданд ва онҳоро масъулони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Зикр гардид, ки сафари меҳмонон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда сурат гирифта, ҳадаф аз сафари онҳо шиносоӣ бо ҷойҳои истироҳативу маконҳои сайёҳии вилояти Суғд ва таҳмики робитаҳо дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button