Хабарҳо

ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ БА БУҶАИ ТОҶИКИСТОН 3,5 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ВОРИД ШУДААСТ

Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 ба андозаи 103,3% таъмин гардида, ба ҷойи 3 млрд 451 млн сомонӣ ба буҷаи давлатӣ 3 млрд 565,6 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 114,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Бино ба иттилои Кумитаи андоз, дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 106,3%, вилояти Хатлон 101,8%, вилояти Суғд 106,1%, шаҳри Душанбе 102,1% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 102,6% таъмин карда шудааст.Инчунин, гуфта мешавад дар иттилоия, дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи андоз дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо дар маҷмӯъ 484 млн сомонӣ маблағи андозҳо ошкор карда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button