ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тоҷикистон Иди Фитрро таҷлил мекунад. АКС

Рӯзи 2-юми май мусалмонон дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои дигар иди Фитрро таҷлил карданд. Соати 6 дар масҷидҳо намози ид хонда шуд. Баъд аз ду соли пандемияи COVID-19 имсол намозгузорон бидуни ягон маҳдудият намозро адо карданд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳузури садҳо намозгузор, мусалмонони кишварро ба фарорасии иди Фитр табрик кард.

Аз субҳи барвақт кӯчаҳо фазои идона дошт. Дар рӯзҳои қабл аз ид бархе аз мақомдорон даъват карданд, то идгардаки кӯдакон маҳдуд шавад. Аммо мушоҳидаҳо нишон дод, ки кӯчаҳо пур аз кӯдаконе буд, ки бо ҷумлаи «ид муборак» ба хонаҳо медаромаданд ва тӯҳфа мегирифтанд.

Иди Фитр яке аз ду иди муқаддас дар дини Ислом ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз мардуми мусалмон баъд аз адои намози ид, тибқи анъана ба зиёрати қабрҳои наздиконашон рафта, сипас ба табрики хешовандон ва дӯстони худ машғул мешаванд.

Ҳамасола дар остонаи иди Фитр сокинон аз якбора боло рафтани нархи маҳсулот дар бозорҳо шикоят мекунанд. Имсол низ чунин шикоятҳо зиёд садо дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button