ВарзишТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Бозгашти Муин ба майдон баъди баҳси доппинг

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Муин Ғафуров, размикори шинохтаи тоҷик, баъди ним соли барканорӣ ба далели ошкор шудани допинг дар баданаш ба майдони муҳорибаҳо бармегардад.

Интизор меравад, ки размикор бо лақаби «Тоҷик» бо Гербет Соузи бразилӣ дар доираи лигаи LFA вориди майдон мешавад. Зӯрозмоӣ 10 июн дар шаҳри Белтони аёлати Тахас дар назар аст.

Размикори бразилӣ то ҳол 15 бурду 1 бохт дорад. Барои Муин Ғафуров ин нахустин сабқат баъди барканорияш ба далели допинг мебошад.Охирин қувваозмоии худро «Тоҷик» бо Чад Анҷелигери канадагӣ моҳи сентябри соли гузашта, дар чаҳорчӯби мусобиқаи «Dana White’s Contender Series» анҷом дода, бо қарори доварон сабқатро бохт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button