Хабарҳо

САРБОЗИ ТОҶИКИ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТАШУДАРО ДАР НОҲИЯИ БАЛХӢ БА ХОК СУПУРДАНД

Маҳмадалӣ Абдуллоеви 22-сола аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхии Тоҷикистон, ки ба таври қарордодӣ дар сафи артиши Русия хидмат мекард, дар ҷараёни ҷанги Маскав дар Украина кушта шудааст. Ҷасади ӯро рӯзи 28-уми апрел дар зодгоҳаш дафн карданд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар охири моҳи марти имсол дар шаҳри Изюми вилояти Харков кушта шудааст, вале маълум нест дар чӣ шароите.Маҳмадзокир Абдуллоев, падари Маҳмадалӣ, рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш шаҳрвандии Русияро дошт ва аз моҳи январи имсол шомили артиши он кишвар шуда буд.“Моҳи оянда бояд маросими хонадоршавияш барпо мешуд. То ҳаштсолагӣ дар Тоҷикистон хонд, сипас, аҳли хонавода ба Русия кӯчидем,” – афзуд ӯ.Тобути ҷавонро аз Русия бо ҳавопаймои низомӣ ба фурудгоҳи Айнӣ, канори шаҳри Душанбе, овардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button