Хабарҳо

ҚАРОРИ ШӮРОИ УЛАМО: ИДИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН ДУЮМИ МАЙ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон, рӯзи 27 апрел дар ҷаласааш рӯзи таҷлили иди саиди Фитрро муқаррар кард. Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати омад-омади иди саиди Рамазон табрик кард ва гуфт, мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рўзи душанбе 2-юми май рост меояд. Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи душанбе 2-юми майи соли 2022 таҷлил карда шавад.2. Вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6-00 дақиқа муайян карда шавад.3. Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки барои расонидани кўмаки моддӣ ба мўҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рўзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин дар Фейсбук хабар дод, ки шаби Қадр имсол ба шаби 27 ба 28 апрел рост меояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button