Хабарҳо

Таҳқиқи навор: ХалалТаҳқиқи навор: Халалдорсозии оромии шаҳрвандон дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ бартараф карда шуд!

Таҳқиқи навор: Халалдорсозии оромии шаҳрвандон дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ бартараф карда шуд!Санаи 26-уми апрели соли ҷорӣ, шаҳрванд Далери Имомалӣ дар саҳифаи фейсбукии худ наворе нашр намуд, ки дар он ҳолати берун аз реҷаи корӣ ва бе рақамҳои қайди давлатӣ фаъолият намудани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон инъикос ёфта, ҳамзамон номбурдагон бо овози баланду гушхароши воситаҳои нақлиёт оромии шаҳрвандонро дар нимашабӣ халалдор сохтаанд. Навори мазкур дар шабакаҳои ичтимоӣ мавриди вокуниши шаҳрвандон қарор гирифта, дар зимн аз мақомоти дахлдор дархост намудаанд, то нисбати вайронкунандагони тартибот чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ваҷҳҳои дар навори мазкур инъикосёфта мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода шуданд.Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёнаи мазкур ба ҶДММ «Розияи сангрез», роҳбараш Шарипов Маҳмадисо Аҳмадович тааллуқ дошта, тибқи иҷозатнома реҷаи корӣ то соати 22:00 шаб муқарар гардидааст. Аммо масъулони ширкати сохтмонии мазкур бинобар сабаби тезонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани он реҷаи кориро дағалона вайрон намуда, дар бевақтии шаб оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд. Вобаста ба ин ҷиҳати риояи ҳатмии реҷаи корӣ масъулони ширкати мазкур ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки ронандагони автомашинаҳои боркаш дар раванди анҷом додани корҳои сохтмонӣ бе рақамҳои қайди давлатӣ фаъолият намуда, Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудаанд. Вобаста ба ин нисбати ронандагони авомашинаҳои боркашон ва ёрирасони сохтмонӣ тибқи талаботи моддаҳои 312 (Идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ) ва 462 (Халалдор кардани оромӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд.Аз ҷумла: Шарипов Шамсулло Исмоилович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», рақамҳои қайди давлатиаш 5118SS01, барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт;Зарипов Фирдавс Раҳматуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», рақамҳои қайди давлатиаш 5122SS01, барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт;Шарипов Қурбон Шарофиддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», рақамҳои қайди давлатиаш 5123SS01, барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт;Рустамов Умедҷон Холибоевич – ронандаи автомашинаи борбардор, барои халалдор кардани оромии шаҳрвандон;Маҳмадалиев Раҷабалаӣ Шарифович – ронандаи автомашинаи ҳамворкунанда (каток), барои халалдор кардани оромии шаҳрвандон;Бо назардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли роҳбарон ва масъулони ширкатҳои сохтмонӣ талаб менамояд, ки ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ талаботҳои муқарраргардида, махсусан реҷаи кориро ба таври қатъӣ риоя намуда, бо амалу рафтори худ боиси халалдор сохтонаи оромии шаҳрвандон нагарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button