Хабарҳо

СУЛТОНШОЕВ – 18 СОЛ, ФАРМОНБЕКОВ – 4,5 СОЛ: БОЗ ДУ ТАН АЗ ЁРОНИ БОҚИР МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУДАНД (Видео)

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки дар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯшон Султоншоев Хуршедшо ба 18 соли зиндон ва Фармонбеков Шодиҷон ба 4 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуданд. Султоншоев ва Фармонбеков, ҳарду дар кӯчаи Иҷубов дар маҳаллаи Бархоруғ, дар ҳамсоягии Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон зиндагӣ мекарданд ва аз ёрони наздики ӯ ба шумор мерафтанд. Ҳардуи онҳо рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ дастгир шуданд.Қаблан, рӯзи 15 апрел додгоҳи ноҳияи Рӯшон Манучеҳр Шеров, яке дигар аз ёрони наздики Боқирро бо айни ҷурми ҳамла ба намояндаи давлат ба 10 соли зиндон маҳкум карда буд. Ба зидди худи Боқир низ мақомот бар асоси чанд банди қонун, аз ҷумла таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парванда кушодаанд.(Видео)

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button