Хабарҳо

МАРГИ МОДАРУ КӮДАК ДАР ЯК САДАМА ДАР ҶАМОАТИ СЕБИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар ва ҳалокати як модари ҷавон бо тифли яксолааш дар ин садама дар ноҳияи Данғара хабар дод.Бино ба иттилои ин ниҳод, шаби 22-юми апрели соли 2022, тахминан соати 21:18, ронандаи мошини тамғаи “БМВ-Х5”, Самандарзода Наврӯз, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21013”, ки таҳти идораи ронанда, Қувватов Эмомалӣ Зайнуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Норак қарор дошт, бархӯрдааст.Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21013” Қувватов Э.З. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, оилааш Самиева Фирӯза Маҳмасаидовна, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Данғара ва писари хурдсолаш Қувватов Муҳаммад Эмомалиевич, соли таваллудаш 2021, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button