Хабарҳо

ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БОРИ ЧОРУМ РАИСИ НОҲИЯ ИНТИХОБ ШУД

Рӯзи 26 апрел вакилони Шӯроҳои маҳаллии ноҳияи Усмани вилояти Липетски Русия дигарбора, инак бори чорум, Владимир Мазои 72-соларо раиси ин ноҳия интихоб карданд. Аз 48 вакили маҳаллӣ 47 нафараш ба тарафдорӣ аз Владимир Мазо овоз доданд ва рақиби ягонаи ӯ – раиси ҷамоати Николские Виселки Татяна Христофорова ҳамагӣ як овоз ба даст овард.Владимир Мазо зодаи ноҳияи Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ва раиси собиқи совхоз-техникуми дар замони Шӯравӣ дар водии Вахш машҳури ба номи В.Куйбишев (ҳоло хоҷагии ба номи фармондеҳи саҳроӣ Файзалӣ Саидов) буда, инак 15 сол боз раиси ноҳияи Усман аст. Ӯ қабл аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Русия кӯчида, ба номи як фармондеҳи бераҳм номгузорӣ шудану сипас талаву тороҷ шудани хоҷагиеро, ки бо заҳмати зиёд ба по хезонда буд, надид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button