Хабарҳо

САФОРАТИ АМРИКО АЗ 4 ОКТЯБР ВИЗАҲОИ МУҲОҶИРАТИРО ДАР ДУШАНБЕ ОМОДА МЕКУНАД

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар дод, ки аз 4-уми октябри соли 2022 сафорати ИМА дар ш. Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад. То кунун шаҳрвандон маҷбур буданд барои таҳияи асноди зуд ба консулгарии Амрико дар шаҳри АлмаАтои Қазоқистон муроҷиат кунанд.Сафорат гуфт, дар давоми якум соли кор бо раводидҳои муҳоҷиратӣ, қабули шумораи зиёди аризадиҳандагонро аз Тоҷикистон, аз ҷумла аъзоёни оилаҳои шаҳрвандон ва иқоматкунандагони доимии ИМА, ғолибони лотереяи «Грин корт» 2023-ро (DV 2023) пешбинӣ мекунад. Ба маълумоти шаҳрвандон расонда шудааст, ки то моҳи октябр раводидҳои муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон ҳамчунон дар Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешаванд. Ғолибони лотереяи «Грин корт»-и соли 2022 (DV2022) супоридани аризаҳои худро дар ш. Алмато то 30 сентябри соли 2022 идома медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button