Хабарҳо

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ САРМЕЪМОРИ ПОЙТАХТРО БАРКАНОР КАРД

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 25 апрели соли 2022 бо қарорҳои худ Қосим Усмонзодаро “бо хоҳиши худаш” аз мақоми сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барканор кард. Ба ин мақом ба Қсмонзода бо қарори дигари Рустами Эмомалӣ, аз 25 апрел Азизиён Самӣ Солӣ таъйин шудааст. Азизиён то кунун мудири Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» буд. Маълум нест, ки ба ҷои Азизиён роҳбарии “Душанбешаҳрсоз” ба кӣ супурда мешавад? Ба кадом мақоми дигаре таъйин шудан ё нашудани Қосим Усмонзода ҳам рӯшан нест. Дар бораи сабабҳои барканории ӯ аз мақоми сармеъмори Душанбе шаҳрдорӣ ягон тафсилоти дигарба ҷуз аз “бо хоҳиши худаш” надодааст.Барканории сармеъмори Душанбе дар ҳоле сурат гирифт, ки дар пойтахти Тоҷикистон чанд сол боз лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ рӯи даст гирифта шудаанд, ки симои бахусус маркази шаҳрро ба таври куллӣ дигар кард. Бархе аз ин навсозиҳо истиқбол мекунанд ва мегӯянд, пойтахти Тоҷикистон дорад ба як шаҳри замонавии шабеҳи Дубай табдил мешавад. Аммо гуруҳи дигар, асосан равшанфикрон, аз он интиқод мекунанд, ки мақомот ба хотири бунёди Душанбеи асри 21 ҳама осори таърихи Душанбеи асри 20-ро аз байн бурда истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button