Хабарҳо

БОЗДОШТИ ЯК МУСОФИР АЗ ДУШАНБЕ БО 150 ҲАБ ДАР ФУРУДГОҲИ ДОМОДЕДОВО

Хадамоти матбуоти боҷхона ё гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав хабар дод, ки кормандони ин боҷхона аз як кӯшиши ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия ворид кардани маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд.Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо парвози Душанбе – Маскав омада буд, тавассути роҳрави сабз гузаштанӣ буд, вале кормандони гумрук ҳангоми кофтукоб аз ҷомадони ӯ дар ду қуттӣ 6 блистер бо 150 ҳаб (таблетка) пайдо кардаанд. Ташхис нишон додааст, ки ин ҳабҳо дар таркибашон кодеин ва метилфенобарбитал доранд, ки маводи мухаддир маҳсуб шуда, озодона даровандани онҳо ба қаламрави Русия мумкин нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button