Хабарҳо

МАҲМАДАЛӢ АБДУЛЛОЕВ АЗ НОҲИЯИ БАЛХӢ ДАР ҶАНГИ РУСИЯВУ УКРАИНА КУШТА ШУД

Маҳмадалӣ Абдуллоев, сокини деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Бахлӣ дар ҷанги Русия ва Украина иштирок мекард. Мутаассифона, хабари марги ӯ аллакай ба наздиконаш расонида шуд. Ӯ ҳанӯз оиладор набудааст. Як манбаъ аз ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Pressa.tj гуфт, ки ҷасади ӯро имрӯз ё фардо аз тариқи Фурудгоҳи вилояти Челябинск ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд: “Ҳоло ҳуҷҷатҳояшро дуруст карда истодаанд ва аниқ гуфта наметавонам, ки кай дар Тоҷикистон мешаванд. Наздиконаш гуфтанд, ки агар ҳуҷҷатҳо дуруст шавад, имрӯз ё фардо ба ватан парвоз мекунем”.Ғуломҷон Вализода, раиси ҷамоати деҳоти Золи Зар гуфт, ки “Маҳмадалӣ Абдуллоев дар ҷанги Русия ва Украина ба ҳалокат расидааст. Ӯ бештар дар Русия зиндагӣ мекард. Қариб ки дар ҳамонҷо ба воя расидааст. Модараш аз падараш ҷудо шуда буд. Масъалаи интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button