Хабарҳо

ДУ МАНСАБДОР ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ 13 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААНД

Муовини раиси ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва як корманди ин ҷамоат ба гирифтани пора аз як корафтода ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ айбдор мешаванд. Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 25 апрел хабар дод, ки Саъдуллоев Ҳақназар Файзуллоевич дар вазифаи мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҷамоати мазкур Гулмуродов Зокиржон Иргашович аз шаҳрванд “А” барои мусоидат ҷиҳати омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13000 сомонӣ талаб кардаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — тафтишотӣ Саъдуллоев Ҳ.Ф. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 13000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button