Хабарҳо

СУРАЙЁИ ҚОСИМ, ПРИМАДОННАИ ЭСТРАДАИ ТОҶИК БА СИННИ 65 РАСИД

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайёи Қосим рӯзи 22 апрел ба синни 65 расид. Сурайёи Қосим 22 апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ аз шавҳари аввалаш Назирмад ду духтар – Рӯзигул ва Шабнамро дорад ва аз шавҳари дуюмаш – Хуршед Рабиев низ ду фарзанд дошт – Фарзонаи Хуршед ва писари ягонааш Эмомалиҷон, ки соли 2017 дар синни 16 вафот кард. Худи Хуршед Рабиев, ки дар ВКД кор мекард, соли 2013 аз олам чашм пӯшид.Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед пешаи модарро пеш гирифтанд ва ҳоло ҳарду аз ҳунармандони матраҳи эстрадаи тоҷик ба шумор мераванд. Вале Рӯзигул хонашин аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button