Хабарҳо

НИРӮҲОИ ТОЛИБОН ЯК ҶИЯНИ АТОМУҲАММАДИ НУРРО КУШТАНД

Суҳайл Змарай, ҷияни Атомуҳаммади Нур, волии собиқи вилояти Балхи Афғонистон, шаби 21 ба 22 апрели соли 2022 дар манзилаш дар шаҳри Мазори Шариф дар ҷараёни як задухӯрди мусаллаҳона бо нирӯҳои Толибон кушта шуд.Нирӯҳои Толибон рӯзи 21 апрел дар пайи як ҳамлаи маргталабона ба масҷиди шиъаҳо дар Мазори Шариф, ки даҳҳо куштаю захмӣ ба ҷо гузошт, кофтукоби хона ба хонаро ба роҳ андохтаанд. Вале вақте ки онҳо ба хонаи Суҳайл Змарай дар кӯчаи Боба Қамбари Махори Шариф меоянд, ҷияни волии собиқи Балх ба онҳо иҷозати ворид шудан надода, бо чанд тан аз ҳамроҳони худ дар муқобили Толибон сангар гирифтааст.Даргирӣ байни онҳо дар манзили Суҳайл Замарай ҳудуди 4 соат, тақрибан то соати 22:30 ба вақти маҳаллӣ давом кардааст. Яке аз афроди Атомуҳаммади Нур ба сомонаи СангарТҷ гуфтааст, дар ин ҷанг омири ҳавзаи пулиси Толибон ва 7 тани дигар низ кушта шуданд.“Худи Суҳайл Змарай бо ду нафар бо онҳо муқовимат кард ва мардона ҷоми шаҳодатро нӯшид, Касе, ки шаҳодат мепазирад, асорат намепазирад ”, — гуфтааст ин манбаъ.Суҳайл Змарай ҳудуди 30 сол дошта, писари Ҳоҷӣ Змарай, аз фармондеҳони Атомуҳаммади Нур аст. Модари ӯ духтари амаки Атомуҳаммади Нур мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button