ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Наздикони «гумшуда»-и Нуриро дар боздоштгоҳи Бохтар «ёфтаанд»

Мақомот дар вилояти Хатлон пас аз тақрибан як моҳ гуфтаанд, ки ду хешованди дастгиршудаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифинро дар куҷо нигоҳ медоранд.

Нурулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов моҳи марти имсол дастгир шуда, ба қавли наздиконашон, то 22-юми апрел дар бораи онҳо ҳеч иттилое набуд.

Салоҳиддин Саидов, писари Нурулло Саидови 64-сола, рӯзи 23-юми апрел гуфт, як рӯз пеш ба онҳо хабар додаанд, ки падару амакаш дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бохтар ҳастанд.

“Худашон тамос гирифтанд. Дирӯз модарам ба дидани онҳо рафт. Хӯрок бурд. Гуфтанд, сиҳату саломат ҳастанд, вале дақиқ нест, чаро қариб як моҳ маҳалли нигоҳдорашонро аз мо пинҳон доштанд,” – афзуд ӯ.

Қаблан дар боздоштгоҳи муваққатии Бохтар гуфта буданд, ки онҳоро ба Душанбе бурдаанд. Масъулони Боздоштгоҳи Вазорати адлия дар Душанбе рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин афродро намешиносанд. Як корманди Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии пойтахт низ айни гапро гуфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button