Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Президентро кӣ ва чӣ гуна муҳофизат мекунад — видео

Дар Қазоқистон дар бораи муҳофизони президент филми мустанад омода кардаанд. Дар филм ҷанбаҳои гуногуни таъмини амнияти президент нишон дода шудааст
Ҳимояи сарвари давлат хеле кам ба дурбин ворид мешавад. Чеҳраи кормандон ва ҳатто маълумоти шахсии онҳо махфӣ мебошад.
Филми мустанад дар бораи он ки чӣ гуна одамон пайваста дар паҳлуи шахси аввал дар кишвар қарор доранд, нақл мекунад.
Ҳамчунин ин филм дар бораи чӣ гуна интихоб ва тарбия шудани муҳофизон нақл мекунад.
Дар Қазоқистон ҳуқуқи президент маҳдуд мешавад
Дар кадрҳои филм ҷанбаҳои гуногуни таъмини амнияти президент ва ҳамкорони хориҷии ӯ, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи кишвар, ташкили чорабиниҳои протоколӣ ва омодагии ҷангиву ҷисмонии онҳое, ки кишвардорро ҳимоя мекунанд, намоиш дода шудаанд.
Имсол Хадамоти амнияти давлатии Қазоқистон 30-солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад.
Ва Кумитаи телевизион ва радиои Қазоқистон филмро ба ин муносибат омода кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button