Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Дар таркиши масҷиди Кундуз беш аз 30 нафар захмӣ ва кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Бар асари таркише дар Кундузи Афғонистон беш аз 30 нафар захмӣ ва кушта шуд.

Дар ин бора РИА «Новости» бо такя ба «Tolo News» хабар медиҳад.

Пештар хабаргузории «Ariana News» бо такя ба мудири иттилоот ва фарҳанги ин вилоят хабар дод, ки рӯзи ҷумъа дар як масҷиди вилояти Кундуз таркиш рух дода, ки қурбонӣ низ дар пай дошт.

Ҳофиз Умар, раиси пулиси ноҳияи Имомсоҳиби вилояти Кундуз бидуни ироаи ҷузъиёти бештар гуфт, дар масҷиди Мавлавӣ Искандар нисфирӯзӣ таркиш рух додааст.

Манобеи амниятӣ ва шоҳидони ҳол гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса беш аз 30 нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҷабрдидагон ба бемористони ноҳия интиқол ёфтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button