Минтақа ва ҶаҳонҲуқуқи инсон

Хави: “Барса” аз нимаи майдони худ берун баромада натавонист…”

Сармураббии бошгоҳи “Барселона” – Хави андешаашро доир ба бозии  даври 33-юми Чемпионати Испания миёни дастаҳои  “Реал Сосйедад”  ва “Барселона” (0:1)  иброз кард.

“Ин вохӯрӣ ба ман эҳсосоти ногувортаринро дод, ба мисли бозӣ бо “Вилярреал”  (3:1). Рақиб  нисбат ба мо тӯбро бештар идора мекард ,ки мо аз нисфи майдони хеш баромада наметавонистем. Онҳо тими тавоноянд. Мо худро хаста ҳис мекардем, вале ба ғалабаи хело муҳим даст ёфтем. Агар ба оморҳо назар афканем, онҳо нисбат ба мо бартарият доштанд. Лек боиси зикр аст ,ки “Барса” дар дилхоҳ маврид метавонад,  натиҷа ба даст орад.”-суханони Хавиро  “Marca” иқтибос меорад.

Пас аз 32 бозии анҷом дода, “каталониҳо” дар ҷадвали Ла Лига бо касби 63 имтиёз дар зинаи дуюм қарор доранд.  “Реал Сосйедад” бо доштани 55 имтиёз дар зинаи 5-ум маскан гирифтааст. Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” бо касби 78 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқот буда, муддаи асосии қаҳрамонӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button