Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Трамп гуфт, ки ИМА дар хатар аст

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп гуфт, ки роҳбарияти кунунии Амрикоро дар ҷаҳон эҳтиром намекунанд ва аз он тарс надоранд, гуфт сиёсатмадор зимни суханронӣ дар чорабинии «Heritage Foundation» (Бунёди Мерос) дар Флорида.

Ба гуфтаи вай, ин боиси хатарноктарин лаҳза дар таърихи ҷаҳон ва бахусус Иёлоти Муттаҳида шуд.

«Ҳамин ҳоло, ба назари ман, хатарноктарин давраи таърихи кишвари мост. Ҳеҷ гоҳ ҷаҳони мо дар ин гуна хатар қарор нагирифта буд», — гуфт Трамп.

Вай тавзеҳ дод, ки ҷаҳон аз қудрати бузурги силоҳи муосир, ки қаблан дар дунё вуҷуд надошт, дар хатар аст.

Раиси пешини Кохи сафед гуфт: «Мо онро дорем, дигарон ҳам доранд. Аммо қаблан чизе монанди он набуд.»Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки «кӯчактарин имкон» вуҷуд надошт, ки дар замони раҳбарии ӯ Русия ба амалиёти вижа дар Украина даст занад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button