Хабарҳо

РОНАНДАИ ҶИПИ “ТОЙОТА-ПРАДО” БАРОИ ХУДНАМОӢ ДАР РӮЗИ ТӮЙ ҶАРИМА БАСТА ШУД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи21 апрел хабар дод, ки дар натиҷаи мавриди санҷидани муроҷиати як шаҳрванд навори ирсолкардаи ӯ ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Прадо», рақамҳои қайди давлатиаш 00 07 ОТ 01, Ғоибов Салимҷон Файзиддинович, санаи таваллудаш 29.07.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳисорак боздошт шуд.Бино ба иттилои милитсияи Душанбе, “чуноне дар навори ирсол намудаи шаҳрванд ва зимни пурсиш муайян карда шуд, Ғоибов Салимҷон ҳангоми иштирок дар маросими тӯйи домодӣ, дар кӯчаи Ҳисорак дидаву дониста Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст. Номбурда ду нафар ҷавонро дар ду паҳлуи автомашинаи худ ҷойгир намуда, ҳангоми ҳаракати гурӯҳӣ ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст”.Дар видео дида мешавад, ки ҳангоми ҳаракати ҷип ду ҷавон дар рӯи помонакҳои ду дари он рост истода, худнамоӣ мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button