Хабарҳо

КӮДАКИ ҲАФТСОЛА ДАР БАЙНИ ДУ ШОХИ ТУТ ДАРМОНДААСТ

Шабонарӯзи гузашта кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон писарбачаеро наҷот доданд, паёмадҳои сел дар роҳи Ваҳдат – Рашт – Лахшро бартараф намуданд ва дар баъзе минтақаҳо аз бориши жола пешгирӣ намуданд.Аз ҷумла, 20-уми моҳи апрели соли равон ба қисми навбатдории КҲФ аз Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар доданд, ки дар кӯчаи Шевченко 123 як писарбача миёни ду шохаи дарахт дармондааст.Ба ҷойи ҳодиса фавран имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд. Наҷотдиҳандагон барои наҷоти ин писарак аз нардбони махсус истифода карданд ва то ҷойе боло шуданд, ки ин писар дармонда буд. Маълум шуд, ки писарбачаи 7-сола ба хотири ҷамъоварӣ ва ё хӯрдани тутҳои пухта аз шох ба шохе боло шуда ва дар фарҷом роҳи бозгашт ба заминро наёфта, миёни ду шохи дарахти тут дармондааст. Писаракро беозор аз дарахт поин оварданд, барояш ёрии аввалии тиббӣ низ расонда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button