ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Дар Тоҷикистон ба марде барои куштори модараш ҳукми абад доданд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар пайи ин ҳодиса мақомот ӯро боздошт ва аз ҷониби Додгоҳи олӣ бо дастрасии моддаи 104 қисми 2 банди “в, е”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як умр равонаи зиндони низомаш махсус гардид.

Тибқи иттилои дафтаи матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон Қосимов дар қатли модараш гунаҳгор дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтишоти пешаки ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки номбурда бо зану фарзандонаш ҳамрои волидонаш мезистааст.

Модар бошад, бинобар сабаби дар ягон ҷой кор накардани писараш ӯро насиҳат карда, мефармудааст, ки дар ягон ҷой кор карда, бо таъмин намудани хурду хӯроки зану фарзандонаш зиндагиашро пеш барад.

Аммо писар аз рафтору муносибати модараш норозӣ ва доимо дар хашму ғазаб қарор дошта, мунтазам бо ӯ бо баҳонаҳои гуногун муноқиша ва ҷанҷолҳо мекардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button