Хабарҳо

ДАР ФАЙЗОБОД ДАҲҲО ҲОЛАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ФУРӮХТАНИ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН ОШКОР ШУДААСТ

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории заминро дар ноҳияи Файзобод мавриди санҷиш ва таҳлил қарор додааст. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 18 апрел хабар дод, ки санҷиш дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар заминистифодабарандагони ноҳия қонунвайронкуниҳои зиёдеро ошкор намуд. Бар асоси ҳисоботи додситонӣ, дар натиҷаи санҷиш дар ноҳияи Файзобод, ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан ва хариду фурӯши 5,45 гектар замин ба 57 нафар ба маблағи 285000 сомонӣ, 120 000 рубли Русия ва 8800 доллари ИМА ошкор шуда, нисбати шахсони гунаҳгор 2 парвандаи ҷиноятӣ, 27 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба 15 қарори ғайриқонунии раиси ноҳия эътироз оварда, барои ба ҳолати аввала баргардонидани 0,75 га қитъаи замин амр дода, маблағи 28505 сомонӣ андози замин ба буҷети давлат барқарор карда шуд.Додситонии кул гуфт, ҷудо намудани заминҳои кишоварзӣ барои сохтмони биною иншоот ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёбад ҳам, аммо раиси ноҳияи Файзобод бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои сохтмони ҳаргуна иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда додаааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button