Хабарҳо

ДАР МАСКАВ ЯК ТИФЛИ ТОҶИК ҲАНГОМИ МАРОСИМИ ХАТНА АЗ ҲУШ РАФТААСТ

Тифли навзоди тоҷик дар шаҳри Маскав баъди хатна дар ҳолати вазнин ба бемористон афтодааст. Бино ба иттилои манобеи нашрияи kp.ru (“Комсомольская правда”), волидони ин кӯдаки якмоҳа хостаанд, ки маросими хатнаи фарзандашонро дар хона анҷом диҳанд, вале аҳволи ӯ ҳангоми анҷоми ин ҷарроҳии сода якбора бад шудааст. “Як хонаводаи муҳоҷирони тоҷик табибро барои хатнаи писари навзодашон ба хона даъват кардаанд. Вале ҳангоми хатна аҳволи кӯдак бад шудааст. Шояд ин кӯдак ба дорувори ҳангоми хатна истифодашуда аллергия доштааст” – хабар додаанд ба хабарнигори “Комсомольская правда”.Ба гуфтаи онҳо, рангу рӯи кӯдак якбора кабуд шуда, ӯ аз нафаскашӣ мондааст. Кӯдакро ба як азоб ба ҳуш оварда, сипас ба бемористон бурдаанд. Ҳоло табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош доранд. Ин кӯдак рӯзи 19 март ба дунё омада, тоза якмоҳа мешуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button