Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Нархи гази моеъ дар Суғд тағйир ёфт: сӯзишворӣ чанд пул аст?

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон қимати гази моеъ коҳиш ёфтааст. Дар ин бора сомонаи маҳаллии «Sugdnews» хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир қимати ин навъи сӯзишворӣ боз 20 дирам арзон шудааст.Ҳамин тавр рӯзи 15 апрел гази моеъ бо нархи 6,2 сомонӣ фурӯхта шудааст. Ду рӯз пеш ин навъи сӯзишворӣ бо қимати 6,4 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Дар ҳамин ҳол, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ бетағйир монда, сокинон бо нархи қаблӣ сӯзишворӣ мегиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button