Хабарҳо

Боздошту ҳабси ду нафар вайронкунандагони тартибот

  Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ду нафар шаҳрвандон:
Шарифов Фаридун Қурбоналиевич, санаи таваллудаш 06.05.2003, истиқоматкунандаи ш.Душанбе кӯчаи Деҳотӣ;


Ҳабибуллозода Дилноза Неъматҷон, санаи тваллаудаш 12.07.2002, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш;
барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуданд.


  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 11-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 13:30 дақиқа, дар кӯчаи А.Фирдавсӣ назди бозори «Саховат» байни ҳамдигар муноқиша намуда, дар баробари алфози қабеҳ ҳамзамон якдигарро зери лату куб қарор додаанд.
  Бо назардошти навори лаҳзаи муноқишаи номбурдагон ва пурсиши шоҳидони ҳодиса нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди н.Фирдавсӣ нисбати Шарипов Фаридун ҷазои маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз ва нисбати Ҳабибуллозода Дилноза ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 6-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button