Хабарҳо

БОЗДОШТИ ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ТУРКИЯ

Тайи чанд ҳафтаи охир мақомоти Туркия дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар, аз ҷумла дар Истанбул, садҳо шаҳрвандони хориҷиро, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни ҳуҷҷати иқомат кору фаъолият доштанд, дастгир кардаанд. Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдоди”, дар байни дастгиршудагон даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик низ ҳастанд, ки ба сабаби надоштани ҳуҷҷати иқомат ба даст афтода, ҳоло дар як боздоштгоҳи муҳоҷирони хориҷӣ дар берун аз шаҳри Истанбул нигоҳ дошта мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button