Хабарҳо

Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи баргардонидани нерӯҳои иловагӣ аз марз

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи берун бурдани нерӯҳо аз минтақаҳои наздисарҳадӣ ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи берун бурдани нерӯҳои низомии иловагӣ аз минтақаҳои наздисарҳадӣ ба тавофуқ расиданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон.Ин тасмим дар пайи як нишаст дар ноҳияи Лейлеки вилояти Бодканд, ки дар он сардори раёсати вилоятии хадамоти марзбонии Қирғизистон полковник Қиялбек Толонбоев ва сардори шӯъбаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майор Ҳикматулло Пираков ҳузур доштанд, гирифта шуд.“Дар ҷараёни музокирот яке аз масъалаҳои муҳим ин берун кашидани нерӯҳои иловагӣ ва ба баргардонидани онҳо ба ҷойҳои истиқрори доимӣ буд. Билофосила ҷонибҳо дар бораи берун бурдани нерӯҳои худ аз минтақаҳои наздимарзӣ шурӯъ карданд”, — таъкид кардааст сухангӯи маркази матбуъотӣ КДАМ Қирғизистон.

КДАМ Қирғизистон илова кардааст, ки ҳайатҳои ду кишвар музокиротро дар гузаргоҳи Овчӣ-Қалъача идома медиҳанд.Ёдрас мешавем, ки ахиран як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар пайи як даргирии кӯтоҳмуддат дар марз бо Қирғизистон ду сарбози тоҷик шадидан ва якеи дигар ҳам сабук ҷароҳат бардоштаанд.“Ин иттифоқ дар қисмати марзии миёни рустои Жани Жери ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва хоҷагии деҳқонии “Зафар” – и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Тирандозӣ дар пайи як ихтилофи лафзӣ миёни сарбозон ба вуқӯъ пайвастааст”, — гуфт манбаъ.Дар ҳамин ҳол, манобеъи маҳаллӣ аз кушта шудани ду сарбози марзбони тоҷик ва захмӣ шудани як нафари дигар хабар медиҳанд. Ин иттилоъ то ба ҳол таъйид ё такзиб нашудааст. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани як сарбози Тоҷикистон хабар дода буд.

Манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара хабар медиҳанд, ки дар маҳаллаи Сомониёни ҷониби Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон таҷаммуъи нерӯҳои низомӣ дида мешавад. Сокинони ин маҳаллаҳо аз сӯи низомиёни кӯч дода шудаанд.Ҳамчунин тадорукот дар қисмати марзи Овчиқалъачаи Тоҷикистон ва Мақсади Қирғизистон низ мушоҳида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button