Хабарҳо

ТУ ҲАМ МЕРАВӢ? МАРСИЯИ ПУРСӮЗИ ГУЛРУХСОР ДАР МАРГИ ҲАМСАРАШ НЕЪМАТ РАҶАБИЁН

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева дар саҳифааш дар Фейсбук марсияи пурсӯзеро дар марги ҳамсараш Неъмат Раҷабиён нашр кардааст. “Алвидоъ, Неъмат! Алвидоъ, Неъмати зиндагии ман! Алвидоъ, дӯстшавҳаре,ки дӯстиро ба ишқ ва ишқро ба дӯстии безаволи ҳамешагӣ мубадал намудӣ! Бо андӯҳи гарон ва дарди безамон Гулрухсори мотамдори ту!” – навиштааст Гулрухсор.Неъмат Раҷабиён, олими шинохта, ки солҳои зиёде дар Пажуҳишгоҳи геология кор карда буд, рӯзи 9 апрел дар синни 79 аз олам чашм пӯшид ва ҳамон рӯз дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Ба гуфтаи наздиконаш, Неъмат Раҷабиён моҳҳои охир бемори бистарӣ буд ва устод Гулрухсор то дами марг дар паҳлуи шавҳараш буд. Писари ягонаи онҳо Азиз, ки дар хориҷа қарор дошт, баъди шунидани хабари марги падар ба Тоҷикистон бармегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button