Хабарҳо

“РАХШ ТАКСИ” 315 ҲАЗОР ҚАРЗИ РОНАНДАИ АВТОБУСРО ДОД (ВИДЕО)

Канали Қурбон Неъматов дар Ютуб шоми 10 апрел хабар дод, ки дар байни ҳамагӣ 2 рӯз мардум барои Назар Назаров, як ронандаи автобус, ки якбора 7 мошини таксиро зада буд, он қадар кумаке ҷамъ шуд, ки ҳам барои тармими автобусу мошинҳои осебдида кифоят мекунад ва ҳам барои сохтани як хонаи нави дуқабата ба ҷои кулбаи хеле фақиронае, ки ин ронандаи бечора ҳамроҳи падару модараш дар он зиндагӣ мекунад.Қурбон Неъматов ва рафиқонаш шоми 10 апрел ба хонаи Назар Назаров омада, дарзаҳои пулро пеши онҳо гузоштанд ва гуфтанд, ин танҳо кумакест, ки аз мардум ҷамъ шудааст. Қурбон Неъматов маблағи ҷамъомадаро гуфта натавонист. Ӯ танҳо гуфт, “як қиёмат аст, бо ин пул акаи Назар метавонад ин хоначаашонро чаппа карда, дар ҷояш як хонаи дуқабата бисозад ва барои ин бобоям (манзураш падари пири ронанда) як диван ҳам бихарад, ки мӯсафед роҳат кунад”.Аммо, афзуд Қурбон Неъматов 315 ҳазор сомонӣ (наздики 25 ҳазор доллар) пулеро, ки Назар Назаров бояд барои тармими автобус ва мошинҳои осебдида пардохт мекард, ширкати “Рахш такси” (Таксии 3333) пурра ба дӯши худ гирифтааст. “Мо ҳамроҳи акаи Назар меравем ва он пулҳоро як-як байни ронандагони таксиҳои осебдида тақсим мекунем”, гуфт блогер.Падару модари Назар он қадар ба риққат омада буданд, ки ҳар лаҳза гаштаву баргашта ба мардуме, ки дар ин рӯзи сахт дасти онҳоро гирифтанд, дуои нек медоданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button