Хабарҳо

СЕРГЕЙ МИРОНОВ ТАЛАБ КАРД, КИ БА ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ НАДИҲАНД

Сергей Миронов, як сиёсатмадори популисти рус, ки бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ном баровардааст, пешниҳод кард, ки додани шаҳрвандии Русияро барои зодагони Тоҷикистон то поёни соли 2023 манъ кунанд ва дар ин муддат асноди ҳамаи он тоҷикистониҳои алакай шаҳрвандии Русияро бадастовардаро аз нав тафтиш кунанд. Роҳбари ҳизби рӯ ба Кремли “Справедливая Россия – За правду” бо чунин изҳорот ба хабари дар соли 2021 шаҳрвандии Русияро ба даст овардани 103 ҳазор зодаи Тоҷикистон вокуниш кардааст. Дар изҳороте, ки рӯзи 7 апрел дар сомонаи расмии ҳизби “Справедливая Россия – За правду” нашр шуд, Миронов шаҳрванди Русия шудани чунин шумори зиёди тоҷикистониҳоеро, ки ба ақидаи ӯ, “забон, фарҳанг ва анъанаҳои моро намедонанд”, “шокикунанда”, “зуҳуроти манфӣ” ва “бар хилофи манфиатҳои Русия” номид. Ӯ гуфт, “давлат бояд ба сурати фаврӣ ба ҷараёни муҳоҷират дахолат карда, пеши роҳи зуҳуроти манфиро дар ин арса бигирад”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button