Хабарҳо

ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР АНТАЛИЯ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ БА ДАСТ ОВАРД

Аз 8 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузурги Анталия 2022” (“Antalya Grand Slam 2022”) оид ба гуштини дзюдо танҳо Темур Раҳимов медали биринҷӣ ба даст овард. Ин мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд. Варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ҷои ҳафтумро гирифт. 6 паҳлавони дигар аз Тоҷикистон, мутаассифона, алакай дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button